Дар кӯча додувой карду 10 шабонарӯз ҳабс шуд
Нисфирӯзии 15-уми июн сокини маҳаллаи Пахтакори шаҳри Душанбе бо ному насаби Ҳокимҷон Файзуллоев, ки соли таваллудаш 1995 будааст, дар кӯчаи Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ доду фарёд зада, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.
Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда ҳамзамон ба кормандони милитсия итоат накарда, боиси нооромии атроф гардидааст.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Ҳокимҷон Файзуллоев тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба суд ирсол карда шудааст.
Номбурда аз ҷинояти содиркардааш сахт пушаймон шуда, ваъда додааст, ки дигар ба ин амал даст намезанад. Бо дарназардошти ин аз ҷониби Суди ноҳияи Фирдавсӣ нисбати номбурда ҷазо дар шакли ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10 шабонарӯз таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ