Дар “Корвон” соҳибкорон ваксина гирифтанд
Имрӯз, 25 июн калонтарин бозор дар шаҳри Душанбе – “Корвон” кор намекунад ва дарҳояш ба рӯи харидорону фурӯшандагон баста аст.
Маъмурияти ҶДММ “Корвон Плюс” сабаби фаъолият накарданро дар эълони рӯзи санитарӣ ва гузаронидани ваксина бар зидди бемории COVID-19 рабт дод.
Тавре як масъули ин бозор дар суҳбат бо хабаргузории Pressa.tj гуфт: “Имрӯз тамоми кормандон, аз муҳофизон сар карда, то фурӯшандагону маъмурияти бозор ваксинаи зидди COVID-19 гирифта истодаанд. Аслан, рӯзи ҷумъа рӯзи санитарӣ эълон шудааст. Аз ин хотир, тасмим гирифтем, ки барои ҳфзи саломатии кормандон, ваксина гирем. Аз харидорону корафтодагон хоҳиш менамоем, ки дар ин рӯз саргардон шуда, ба бозор наоянд. Рӯзи 26 –уми июн боз бозор кори маъмулиашро идома медиҳад. Зиманан, ҳар бегоҳ баъд аз анҷоми кор, аз тарафи ширкати “Фавз” тавассути таҷҳиҳоти махсус ҳудуди бозор бо маҳлулҳои безараргардонӣ поккорӣ карда мешавад. Ҳамзамон, дар даромадгоҳҳои бозор кормандони махсус истода, табби мардумро месанҷанд”.
Гуфта мешавад, ки кормандони бозори “Корвон” ваксинаи навъи «CoronaVac»-и истеҳсоли Чинро гирифтаанд.
Ёдовар мешавем, ки бозори «Корвон» дар масоҳати 27 гектар доман паҳн карда, тақрибан 8 ҳазор нафар дар ин ҷо кор мекунанд. Ҳамчунин, бозори мазкур маҳалли аслии хариди ҳазорон тоҷири дигарест, ки аз ин ҷо ба ноҳияҳои атроф ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон мол бурда мефурӯшанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ