Дар лаҳзаи адои намози иди Саиди Фитр як ҷавони тоҷик ҷон бохт

Як муҳоҷири тоҷик бо номи Фарҳод Қирғизбеков дар оғози намози ид дар Русия, ки имрӯз 5 июл баргузор шуд, аз олам даргузаштааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ин ҷавони 27-солаи тоҷик барои ин ки ба намози ид дер накунад, ба намозгоҳ бо саросемагӣ меояд ва пешупо хӯрда, афтода дигар аз ҷой барнамехезад.

Мақомоти тоҷик, яъне Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дархост кардаанд, ки муоинаи тиббӣ-судии ин ҷавони фавтида гузаронида шавад. Гуфта мешавад баъди як моҳ натиқаҳои экспертизаи судӣ дар мавриди марги Фарҳод Қирғизбеков эълон хоҳад шуд.

Қарор аст,  ҷасади ин ҷавони тоҷик ба ватан интқил дода шавад. Доир ба ин масъала мақомоти намояндагии муҳоҷират ва ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия гуфтгугуро оғоз кардаанд ва ба наздикӣ тасмим мегиранд.

Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи фиристодани ҷасади ин муҳоҷири корӣ якҷоя бо ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Маскав тадбирҳоро рӯи даст гирифтаанд.

Раиси ҷамъияти «ЭтМос» Каримҷон Ёроав гуфтааст, ки ин ҷавон ба наздикӣ вориди Русия шуда, ҳангоми гирифтани ҳуҷҷати кор ё худ иҷозатнома барои кор мушкилоти зиёдро пушти сар кардааст. Ӯ гуфтааст: «Фарҳод наметавонист ба бемории дигари марговар мубтало бошад. Вай як рӯз пеш патент гирифта буд ва он гувоҳӣ медиҳад, ки Фарҳод аз ҳамаи муоинаҳои тиббӣ гузаштааст. Агар вай гирифтори ягон бемории хатарноки марговар мебуд, ба вай гувоҳномаи тиббӣ ва патенти корӣ намедоданд.»

Ҷасади ин шаҳрванди Тоҷикистон ҳоло дар морги ноҳияи Ногинс қарор дорад ва пайвандонаш дар талошанд, ки зуддтар ба ватан оварда шавад. Хешовандонаш мегӯянд, ки иллати марги Фарҳод эҳтимолан зарбаи шадиди мағзи сараш бошад, ки ба замин афтода, дигар аз ҷой барнахостааст.

Ин воқеа дар саҳни масҷиди ноҳияи Ногински Маскав рух додааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *