Дар Мастчоҳ марде терминалро шикаст ва пулашро ба яғмо бурд
Мақомоти милитсия як корманди ноҳияи Мастчоҳро ҳамчун гумонбар барои шикастан ва дуздидани маблағи калони терминал дастгир намудаанд.
Бино ба иттилои ВКД, ҳангоми гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда,18-уми майи соли 2022, тахминан соати 23:30-дақиқа, дар ноҳияи мазкур бо роҳи шикастани терминали маблағгузорӣ 56 ҳазору 725 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ