Дар Мастчоҳ сартабибро нав карданд.Ӯкист?

Сиёвуш Мирзоев бо фармони вазири тандурстӣ аз дирӯз 3 ноябр сартабиби ноҳияи Мастчоҳ  таъйин гардид.

“Қарор аст, имрӯз бо иштироки масъулони идораи тандурустӣ ва ҳукумат Сиёвуш Мирзоев минҳайси сартабиб барои коллективи ҳамкоронро муаррифӣ карда шавад”, — гуфт Убайдулло Худойбердиев, ҷонишини сартабиб.

Баъди аз вазифа рафтани Музаффархон Баҳодуров, мансаби сартабиб дар ноҳияи Мастчоҳ ҳудуди ду моҳ ба ин тараф холӣ буд.

Баҳодуров бештар аз панҷ сол дар ин вазифа кор кардааст, ҳоло минҳайси табиби ҷарроҳ фаъолияти худро дар шифохонаи ноҳия идома додаистодааст.

Сиёвуш Мирзоев то ин вақт вазифаи роҳбари шабакаҳои Кӯмаки аввалияти тиббию санитарии (КАТС) и ноҳияи Мастчоҳро ба зимма дошт. Мирзоев Сиёвуш Ҳомидовиш 9 сентябри соли 1979 дар шаҳри Душанбе дар оила табиб таваллуд шудааст. Соли 1996 МТМУ №4-и ноҳияи Мастчоҳро хатм кардааст.

Пас аз хатми мактаб соли 1999 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуда, инчунин он замон курси магистратураро низ ба поён расонидааст.

Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 2007-2009 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъдан солҳои 2010-2013 ба сифати духтури мақомоти иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд фаъолияти кориашро давом додааст.

Солҳои 2014-2015 дар Муассисаи назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтур, баъдан солҳои 2016-2018 вазифаи директории ин муассисаи давлатиро ба дӯш дошт.

Аз моҳи ноябри соли 2020 бо фармоиши вазири тандурустӣ ба вазифаи роҳбари шабакаҳои КАТС-и ноҳияи Мастчоҳ таъйин шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *