Дар минтақаи Рашт сел омад. Хисорот ҳаст
Тайи ду рӯзи гузашта дар пайи боришоти шадид дар минтақаи Рашт сел фаромад. Хисорот дида мешавад. Дар ин бора хадамоти матбуоти КҲФ хабар дод.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, шоми 14-уми июн дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт бар асари боришоти шадид сел фаромада, ба 5 бинои истиқоматию 3 бинои ёрирасон осеб расониду 20 қитъаи наздиҳавлигӣ ва 5 гектар замини кишоварзиро зери об монд. Инчунин, 10 сар гов ва 20 сар бузу гӯсфандро сел гирифта бурд.
«Айни замон комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулода дар ҷои ҳодиса кор карда, ҳаҷми хисороти расида муайян карда мешавад»,- гуфтанд дар КҲФ.
Нисфирӯзии худи ҳамон рӯз дар километри 250-уми шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Лахш, дар ҳудуди шаҳраки Арчакаппаи ноҳияи Лахш сел омада, маҷрои рӯдхонаи Сурхобро бастааст. Дар натиҷа ҳудуди 350 метр роҳро шуста, ду сутун ва ҳудуди 300 метр кабелро хароб кардааст. Дар ҳоли ҳозир барои рафъи оқибатҳои ҳодиса чораҳои зарурӣ анҷом дода шуда, қурбоние нест.
Худи ҳамон рӯз дар деҳаи Яхчи ноҳияи Нуробод низ бар асари борони сахт сел омад.
«Сел роҳи байни деҳаро бастааст. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулода кор карда, корҳои бартарафсозии оқибатҳои он идома дорад. Хисорот ва қурбоние нест”,- омадааст дар хабарнома.
Инчунин, худи ҳамон рӯз қитъаҳои роҳи Лаби Ҷар — Сангвор дар километрҳои 9, 27, 39 ва 55 зери об монда, боиси тамбашавии мошинҳо гардид. Хадамоти роҳи автомобилгарди Вазорати нақлиёт дар тоза кардани роҳ кор карда истодааст. Қурбоние нест.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ