Дар мусобиқаҳои занона дар маҷмуъ 60 даста иштирок мекунанд
Имсол дар Тоҷикистон дар мусобиқаҳои футболи занона дар маҷмуъ 60 даста иштирок мекунанд. Дар мавсими соли 2023 Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар чор синну сол мусобиқот баргузор мекунад.
Дар мавсими шашуми Чемпионати Тоҷикистон миёни бонувон 13 даста — ММВЗО «Зебонисо» (Душанбе), «Зебо» (Дўстӣ), Мактаби махсуси футболи Конибодом, «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Ҷавонӣ» (Ҷаббор Расулов), Муассисаи давлатии Мактаби варзишии шаҳри Кўлоб, «Суғд» (Суғд), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Навбаҳор» (Мастчоҳ), «Ситора» (Шаҳринав), «Бунҷикат» (Шаҳристон), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ширкат мекунанд.
Дар чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 17-сола 10 даста, миёни духтарони то 15-сола 17 даста ва миёни духтарони то 13-сола 20 даста ширкат мекунанд.
Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаҳои Лигаи футболи бонувон ва Чемпионати Тоҷикистон миёни бозигарони то 17-сола либоси варзишӣ ва тўб тақдим кард. Тибқи барномаи «FIFA League Development» барои ширкаткунандагони чемпионати кишвар миёни духтарони то 13-сола либоси варзишӣ, пойафзол ва тўб тақдим карда шуд. Намояндагии Хазинаи кўдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон (ЮНИСЕФ) ба дастаҳои чемпионати Тоҷикистон байни духтарони то 15-сола маҷмуи либосҳои варзишӣ тақдим карда, Лигаи футболи занонаи Тоҷикистон барои онҳо тўб ҳадя кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ