Дар Русия 44 ҳазор мурданду 24 ҳазор гуфтанд…

«Росстат»- Агентии омори Русия гуфт, дар моҳи сентябри имсол дар ин кишвар ба камияш 44 ҳазору 265 нафар аз COVID-19 ва бемориҳои монанд ба он ҷон бохтаанд.

Пештар Гуруҳи кории мубориза бо коронавирус дар Русия гуфта буд, ки дар моҳи сентябри имсол марги беш аз 24 ҳазор нафарро сабт карданд. Омори охир 29-уми октябр эълон шуд. Бино бар он, аз оғози пандемияи коронавирус дар Русия тақрибан 462 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Ин омори баландтарини талафот аз бемории ҳамагир дар Аврупо аст. Мухолифон мақомоти Русияро барои кам нишон додани шумораи беморон ва ҷонбохтагон аз коронавирус танқид мекунанд. Ҳоло фарқ байни рақамҳои Гуруҳи кории муқобила бо коронавирус ва «Росстат» низ мояи ташвиш шудааст. Иддае фарқро дар он мебинанд, ки Гуруҳи корӣ танҳо марги гирифторони коронавирусро ҳисоб кардааст, аммо «Росстат» фавти мардум аз бемориҳои монанд ба коронавирус ё вобаста ба онро низ мешуморад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *