Дар Русия зиёда аз 33 ҳазор ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуд

— Дар Русия 33 389 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавирус дар як шабонарӯз ба қайд гирифта шудааст,- хабар медиҳад «Новая газета» бо истинод ба маълумоти бошгоҳи фаврии москвагӣ оид ба мубориза бо сироятёбӣ.

Гуфта мешавад, ки 1-уми декабр, рӯзона 32 837 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Дар Маскав коронавирусро дар 3805 нафар (як рӯз пеш 2757) муайян кардаанд. Дар шаҳрҳои атрофи Маскав COVID-19 боз дар 1474 мизоҷ муайян гардидааст, дар Петербург бошад, дар 2632 нафар. Дар идомаи рӯйхати минтақаҳо Краснодар (+917) ва Самара (+902) меистанд. Шумораи умумии гирифторони беморӣ аз оғози пандемия дар Русия ба 9 703 107 нафар расидааст.

Дар як шабонарӯз 1221 нафар мизоҷон аз COVID-19 фавтидаанд. Бино ба маълумоти бошгоҳи фаврӣ, аз оғози пандемия дар ин кишвар 277 640 нафар аз COVID фавтидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *