Дар Саратов мошини 4 тоҷик ба оҳу бархӯрд

— Як мошини мусофирбар дар шоҳроҳи вилояти Саратови Русия ба чуқурии лаби роҳ чаппа шуд,- хабар медиҳад сардори Раёсати тандурустии минтақа Олег Костин дар саҳифаи Telegram-аш.

Ба иттилои Костин, осебдидагон мардони 18, 27, 33 ва 41-сола буда, ҳамагӣ шаҳрванди Тоҷикистонанд ва бар асари чаппа шудани мошин ҳамаашон захмӣ гардидаанд.

Ба таъкиди номбурда, захмиён ҷароҳатҳои гуногун —  латхӯрӣ, ҷароҳатҳои пӯшида ва ларзиши мағзи сар бардошта, табибон вазъи саломатии онҳоро миёна арзёбӣ мекунанд.

Мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ дар вилояти Саратов сабаби садамаи мошини ҳомили тоҷикистониҳоро, ки тамғаи “Лада Ларгус” будааст, бархӯрд бо як оҳу арзёбӣ кардааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар Русия ҳолатҳои рух додани садама аз тарафи шаҳрвандони Тоҷикистон кам нестанд, ки асосан дар роҳ ба марзи Қазоқистон рух медиҳанд. Ба он ҷо тоҷикистониҳо барои убури марз мераванд, ки барои таҳияи ҳуҷҷатҳо расмиёти зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *