Дар Сарбанд ҷавони 18 -сола худашро оташ зад

Субҳи имрӯз ба хабарнигори сомонаи “Tajikistantimes.com  як сокини шаҳри Сарбанд занг зада, худро Акбар муаррифӣ намуд ва хабар дод, ки Исмат ном ҷавони 18- сола пас аз ҷангу ҷанҷоли оилавӣ худро дар пеши чашми аҳли хонаводаашон оташ задааст. Модараш кӯшиши наҷот додани Исматро намуда, худ низ оташ гирифтааст. Ин ҷавони 18- сола  ва модари зарардидаашро бо ҷароҳатҳои зиёд ба бемористон бурдаанд. Табибон модарро наҷот додаанд, вале ҳоли Исматро бисёр вазнин арзёбӣ намуда, мегӯянд ба гумон аст, ки зинда монад. Акбар, ки дӯсти наздики ин хонавода будааст, мегӯяд Исмат бо як ҷавонзани аз худаш калон муносибати наздик дошт ва аз ӯ ҳатто як фарзанд низ дорад. Бародараш аз рӯйи ҳамин зан Исмат зери мушту лагад гирифтааст, зеро чанд рӯз пеш ҷавонзан аз рӯйи ӯ ба мақомот шикоят карда будааст. Ҳамин моҷарои кӯчак боиси он гаштааст, ки ҷавон ҳамчун рамзи эътироз ба аҳли хонадон ва зани дӯстдоштааш дар пеши назари пайвандонаш худро оташ занад.

Дар охири суҳбат Акбар афсӯс хӯрда гуфт: “Исматро беш аз як сол боз мешиносам. Ӯ ҳамроҳи мо дар тарабхонаи “RS” кор мекард. Бачаи хуб, меҳнатӣ ва оромтабиат буд. Ҳеҷ гумон надоштам, ки ягон рӯз ҳамин бачаи боақл даст ба худсӯзӣ мезанад…”

Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

10 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *