Дар шумораи №29-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!
Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Оминаи бевафо хор шуд”, “Моиндарам даъвои хона дорад”, “Аз ошиқи дугонаат даст каш!” мутолиа карда метавонед.
Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи “Хобномаи исломӣ” таҳти унвони “Афтодани кӯдак дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Ба осмон баромадан дар хоб” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.
“Ҳоҷибибии беимон”. Чунин унвон дорад зиндагиномаи марде, ки дар ҷавонӣ ошиқ шуда, хилофи хоҳиши волидон оила бунёд мекунад ва завҷааш аз нармхислативу муҳаббати ӯ сӯйистифода бурда, ҳурмату эҳтиромашро ба ҷо намеорад. Оқибат зан шавҳарашро дар дами пирӣ ба хонаи пиронсолони бесоҳиб бурда мепартояд.
Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома оид ба масъалаҳои динӣ посух дода шудааст. Ҳамзамон дар ин саҳифа ба саволи хонанда оид ба чандто будани китобҳои осмонӣ посух ва маълумоти дақиқ дода шудааст.
Дар қиссаи “Доғи номус” нақли зане рӯи коғаз омадааст, ки дар ҷавонӣ аз ҷониби як марди палиду нобакор таҷовуз мегардад. Қиссаи мазкур хеле таъсирнок буда, бори дигар духтаронро ҳушдор месозад, ки дар ҳама ҳолат ҳушёриро аз даст надиҳанд. Қисмати охири қиссаро дар шумораи ояндаи ҳафтанома мутолиа кардан мумкин аст.
Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз роҳи мушкили Бахтиёр Аксакалов то қиссаи сангини як зани тоҷик” мутолиа намоед.
Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “Санги талхадон: сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои табобат” ва “Табобати бехобӣ бо асал ва ҷурғот” маводи тиббӣ дарҷ гардидааст.
Зери рубрикаи “Чеҳра” мусоҳибаи рӯзноманигор Одил Нозир оид ба фаъолияти касбӣ ва зиндагии шахсии сарояндаи маъруф ва чеҳраи дурахшони эстрадаи тоҷик Файзигул Юсуфӣ таҳти унвони “Орзуи зиёрати хонаи Худоро дорам!” пешкаши ҳаводорону мухлисони ҳунари асил мегардад.
Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ