Дар Суғд хизматчиёни давлатӣ соҳиби хона шуданд        

Дар доираи сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ба 8 нафар кормандони соҳаҳои гуногун хонаҳои истиқоматии хизматӣ супорида шуд.

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни супоридани калиди хонаҳо иброз дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмини кормандони соҳаҳои гуногун бо манзил тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Марҳила ба марҳила кормандоне, ки дар навбат чун эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шудаанд, бо хонаҳои хизматӣ таъмин менамояд.

 Таъкид гардид, ки ин навбат 8 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш, хизматчиёни ҳарбӣ, ки солҳои зиёд иҷоранишин буда, ба беҳтар намудани шароити зист ниёз доштанд, бо хонаҳои хизматӣ таъмин шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *