Дар талоши мол. Ду сарнавишти пандомез
1. Писар падарро аз хона пеш кард
Чилу ду сари сол Ғаюр заҳмат кашид. Дар даҳ соли охири кориаш сардори идораи кишоварзии ноҳияашон буд. Роҳбарии ў ба давраи ғайридавлатикунонии моликият рост омад. Бо имзою пешниҳодҳои ў корхонаю таҷҳизот, техникаҳои миллион-миллион доллар арзиш дошта бо саду дусаддолларӣ ба чанголи қаллобон афтод. Аз систернаҳои 10-20-50-тоннагии пур аз май, фермаҳои механикию комплексӣ осоре намонд. Дар 1 гектар замин ҳавлии дакаданг сохт. Ду духтару се писарро хонадор ва соҳиби мошинҳои қиммат намуд. Рўзе Азроил ҷони зани Ғаюрро даррабуд ва пас аз сари солаш пири калтаи танҳо духтари 30-солаи шавҳарнододидаи бахтбастаро ба ҳамсарӣ хосту қабул кард. Ин амали падар ба писарон хуш наомад ва сенафара ўро аз дарвозаи қимматбаҳои ҳавлӣ берун намуданд. Лек Ғаюр дар бонк барои рўзи мабодо 200 ҳазор сомонӣ пасандоз дошт. Рафт, бо он пул хонаю ҳавлӣ харид, арӯсашро онҷо бурд. Аммо аз зиндагӣ маҳзуну малол аст, ки чаро чунин фарзандонро бо пули дуздӣ эркаю нофармон кардааст?
Шумо чӣ ақида доред?
2. Марги муш ба шавҳар
Ба ҳамин монанд як шахси дигар бо номи Зуҳур 50 сол оҳангарӣ намуда, чор писару ду духтарро ба воя расониду соҳиби хонаю дари худ шуданд. Ҳамсари усто Зуҳур аз бемории саратон фавтид. Ў аз сари нав хонадор шуд, ки зан ду кӯдакашро ҳам бо хеш оварда буд. Рўзе усто аз замини обчакориаш мондаю шалпар ба хона даромад. Зан ба пиёлаи пури чойи лаби дастурхон ишора карда, гуфт, ки инро барои ту рехтам, ташнагиатро шикан. Ду қулт нахӯрда буд, ки аз пиёла бўи баде ба машомаш расид. Дар як лаҳза шикамаш ба дард даромад. Зуд рафт, беморхона. Ташхис нишон дод, ки доруи марги муш хӯрдааст. Баъди табобати фаврӣ омад хона ва занро сар дод барои ин амали норавояш, ки мехост бо фавти усто осон соҳиби ҳавлӣ гардад.
Шумо ба ин чӣ мегӯед?
Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ