Дар Тоҷикистон донишгоҳи Ӯзбекистон боз мешавад

Дар Тоҷикистон филиали яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Ӯзбекистон боз мешавад. Дар ин бора имрӯз, 5-уми феврал вазири маориф ва илми Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

“Мо феълан заминаҳои ҳуқуқии ин масъаларо баррасӣ дорем. Қарор аст, дар Тоҷикистон филиали яке аз донишгоҳҳои Ӯзбекистон ба фаъолият оғоз кунад. Ин филиал дар базаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров боз мешавад”, — гуфт вазир ба хабарнигорон.

Имомзода гуфт, ки ифтитоҳи филиали Донишгоҳи Ӯзбекистон дар Тоҷикистон идомаи ҳамкориҳои хуби ду кишвар аст ва барои мустаҳкам ва устувор шудани равобит мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, Муҳаммадюсуф Имомзода иттилоъ дод, ки ба наздикӣ дар Тоҷикистон филиали яке аз донишгоҳҳои Сингапур ва филилаи чанд донишгоҳи Русия низ боз хоҳад шуд.

“Мо ба ҳамон донишгоҳҳое қарордод бастаем, ки мутахассисони барои мо зарурро омода намоянд. Кишвари мо дар омода кардани мутахассисони баъзе аз соҳаҳо база надорад, бинобар ин, ба фаъолият оғоз кардани филилалҳо ба манфиати кор хоҳад буд” – гуфт вазир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *