Дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш бунёд мешавад
Ширкати «Сипар Групп» бо ҷалби $15 миллион дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли мошинҳои зиреҳпӯш месозад.
Дар робита ба ин, байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати «Сипар Групп» дар бораи ташкили корхонаи истеҳсоли мошинҳои замонавии зиреҳпӯш ва таҷҳизоти махсус дар ҷумҳурӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид.
Маросими имзои созишномаи мазкур дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон сурат гирифт.
Ширкати «Сипар Групп» тасмим гирифтааст, ки бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ дар ҳаҷми 15 млн доллар, корхонаи ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсусро бо бунёди зиёда аз 100 ҷойҳои нави корӣ ба роҳ монад.
“Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона то 120 автомашинаи махсус дар як сол буда, бо назардошти талаботи бозор имкон дорад ҳаҷми истеҳсоли он зиёд карда шавад”, — таъкид намудааст манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ