Дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо кай оғоз мешаванд?
Шуруъ аз 26-уми июл дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2023 нишастҳои матбуотӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ тасдиқ карда шуда, дар асоси он нишастҳои матбуотӣ 26-уми июл оғоз мегарданд ва то 15-уми август идома меёбанд.
Намояндагони воситаҳои ахбори омма зимни нишастҳои матбуотӣ имкон доранд оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти бештар гиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ