Дар Турсунзода хусур домодашро бо каланд зада кушт
Дафтари матбуоти ВКД иттилоъ медиҳад, ки як марди 65-солаи сокини шаҳри Турсунзода домодашро зада куштааст.
Тибқи иттилоъ, шоми 10-уми июн дар хонаи марди 51-солаи сокини шаҳри мазкур муноқишаи оилавӣ рух медиҳад. Зимни муноқиша номбурда асабонӣ шуда, ба хонаи падари ҳамсараш, марди 65-солаи сокини ҳамин шаҳр меравад ва дар саҳни ҳавлӣ ба падари ҳамсараш дарафтода, дашномҳои қабеҳ мегӯяд ва ӯро латукӯб мекунад. Дар натиҷа падарарӯс низ ба ғазаб омада, бо каланд 2-3 маротиба ба сари домодаш мезанад.
Гуфта мешавад, ки дар натиҷа, домод ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Кормандони милитсия дигар тафсилоте надода, танҳо мегӯянд, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ