Дар ВМКБ боз замин ҷунбид
Маркази заминларза дар 33-километрии шарқи шаҳраки Мурғоб воқеъ будааст.
Дирӯз, 4-уми апрел дар Тоҷикистон заминларза бо қувваи 4,7 балл ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин хабар дод.
Ба гуфтаи ин манбаъ, маркази заминларза дар 33-километрии шарқи шаҳраки Мурғоби ВМКБ, ки ҳудуди 10,8 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, воқеъ будааст. Манбаи зилзила дар умқи 169 километр ҷойгир будааст.
То ҳол дар бораи хисорот ва талафот маълумоте дода нашудааст.
Ёдрас мешавем, ки вақтҳои охир дар Тоҷикистон, хусусан дар ВМКБ зуд-зуд заминларза ба амал меояд. Мутахассисон заминларзаҳои ВМКБ-ро хатарнок арзёбӣ мекунанд, чунки дар инҷо хатари канда шудани кӯли Сарез вуҷуд дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ