Даргузашти Асалбегим Саодатова
Асалбегим дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ҳафтаномаи «Оила» гуфтааст: «Кӯдакони кӯчаи худамон маро дидан баробар “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад” гӯён, мегурехтанд.
Асалбегим Саодатова, Ҳунарпеши мардумии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе даргузашт. Асалбегим Саодатоваи 70-сола буд ва солҳои зиёд аз бемории қанд ранҷ мекашид.
Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи кино ва театр, яке аз муассисони Театри Ҷавонони Тоҷикистон буд, ки дар баробари Театри Лоҳутӣ дар замони шӯравӣ маҳбубияти зиёд дошт. Ӯ дар солҳои шӯравӣ бо иҷрои нақши “Аҷузкампир” дар намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон Алифбо” маҳбубияти зиёд пайдо кард. Солҳои баъд дар намоишномаҳои гуногуни театрӣ ва филмҳо нақшҳои зиёде офаридааст.
Асалбегим дар яке аз мусоҳибаҳояш бо ҳафтаномаи «Оила» гуфтааст: «Кӯдакони кӯчаи худамон маро дидан баробар “Аҷузкампир омад, гурезед, ки ҳозир қапида мебараду мехӯрад” гӯён, мегурехтанд. Модаронашон бо завқ хандида, онҳоро ором мекарданд, ки натарсед, ин холаатон аст, вай шуморо намехӯрад… » Ӯ он замон гуфта буд: “Агар фурсату имкон диҳад, дигарбора ин нақшро бо ҷону дил бозӣ мекунад, зеро афсона кӯдакро бо баду неки дунё ошно… ва дар руҳияи одамгарӣ тарбия мекунад.”
Аммо сад афсӯс, ки аҷал ин имконро ба вай надод…
Ҷанозаи марҳума рӯзи 5 апрел баргузор мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ