Даргузашти аввалин раиси Кумитаи андоз

Абдуллоҷон Орипов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва аввалин раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон аз олам даргузашт.  

Илҳоми Ҷамолиён, журналисти тоҷик хабар дод, ки Абдуллоҷон Орипов ҳамагӣ чанд рӯз пеш 80-сола шуда буд. «Чанд рӯз муқаддам 80 — умин солгарди ин инсони накӯ ва олими барҷаста, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор, аввалин Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, генерали соҳаи молиёт Абдуллоҷон Ориповро ҷашн гирифта будем. Устод солҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашиданд. Ёду ёдгорашон гиромӣ ва равонашон шод бод!»,- навиштааст дар шабакаи Фейсбук Илҳоми Ҷамолиён.

Абдуллоҷон Орипов 6 –уми феврали соли 1941 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1987), профессор (1988). Аълочии маорифи Тоҷикистон (1991). Дорандаи унвони олии мақомоти андоз «Мушовири куллии мақомоти давлатии андози ҶТ» (1993). Номбурда дастпарвари ДДТ ба номи В.И.Ленин (1963). Сариқтисоддони шуъбаи ташкили илмӣи мехнати совхозтехникуми ноҳияи Мастчоҳ (1963-1966), ассистенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1966-67), аспиранти ДДТ ба номи В.И.Ленин (1969-1970), сармуаллим (1968-1972), дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсӣ (1972-1973), декани факултаи курсҳои тайёрӣ (1973-1975), ноиби ректори ДДТ ба номи В.И.Ленин (1975-1991), декани факултаи иқтисодии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (1991-1992), мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (1992), сардори Кумитаи давлатии гумруки ҶТ (1992-1996), ноиби ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (аз с.1997). Вакили Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000). Муаллифи зиёда аз 170 мақолаи илмӣ ва оммавӣ оид ба масоили мухталифи сиёсати андози Тоҷикистон мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *