Даргузашти Бахтиёр Раҳматуллоев дар кома. Ӯ кӣ буд?

Мусиқинавоз ва роҳбари бадеии Кохи фарҳангии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, мусиқинавози маъруфи вилояти Суғд Бахтиёр Раҳматуллоев аз олам даргузашт.

Тибқи иттилои мавҷуда, Раҳматтуллоев як ҳафта қабл аз шиддати фишорбаландӣ ғайриинтизор дучори сактаи мағзӣ гардиду дар бемористон бистарӣ шуда буд ва дигар ба по нахеста, аз дунё гузашт.

Бахтиёр Раҳматуллоев, 23 майи соли 1967 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 1989 омӯзишгоҳи мусиқи, ҳозира Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷандро хатм намуда, фаъолияти кориашро аз ҳамон сол дар ансамбли эстрадаи рақсии «Шабнам» ҳамчун роҳбари мусиқӣ оғоз намудааст. Соли 2004 роҳбари бадеии ансанбли «Садои Суғд» — и Раёсати фарҳанги вилоят таъин мегардад.

Аз моҳи майи соли 2008, яъне аз рӯзи ташкилшавии муассисаи фарҳангии давлатии Кохи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таъин гардида, то инҷониб ҳамчун роҳбари бадеӣ фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *