Даргузашти Домулло Абдураҳмон

Рӯзи 20 июн рӯҳонии тоҷик Абдураҳмон Боқизода дар синни 62 аз олам чашм пӯшид. Домулло Абдураҳмонро дар деҳаи Гулпарвари ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супурданд. аздиконаш мегӯянд, ки Домулло Абдураҳмон қурбони коронавирус шудааст.
Дар маросими намози ҷанозаи Домулло Абдураҳмон дар деҳаи Гулпарвар муфтӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, марҳумро ҳамчун як шахси хоксор, ҳалим, меҳрубон, донишманд ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсонӣ тавсиф кардааст.
Чанд ҳафтаи охир дар Тоҷикистон хабарҳои пуртаҳлука дар бораи омадани мавҷи нави коронавирус дар байни мардум зиёданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *