Даргузашти Зуҳуриддинов ва Гулов
Сироҷиддин Зуҳуриддинов, яке аз маъруфтарин меъморони муосири тоҷик, дар синни 69 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бораи як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Душанбе хабар додаст. Маросими дафни меъмори шинохта рӯзи 28 июн дар Душанбе доир мешавад. Дар бораи сабаби марги Зуҳуриддинов ба ҷуз як ибораи “бар асари беморие, ки дошт” дигар чизе гуфта намешавад.
Сироҷиддин Зуҳуриддинов дар тағйири симои пойтахти Тоҷикистон нақши умдае дошт ва тарҳи бисёре аз тарҳҳои бузурги Душанбе маҳсулоти дастони ӯянд. Аз ҷумла лоиҳаҳои иншооти бузурге, ба мисли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои Парлумони Тоҷикистон, бозори “Меҳргон”, маркази савдои “Пойтахт”, қароргоҳи ҳукуматӣ дар Ромит, истироҳатгоҳи президенти Тоҷикистон дар Пуғуси Варзоб, боғҳои Рӯдакӣ, Хайём ва ҷавонон, толори қабулгоҳи намояндагони ҳукуматӣ дар фурудгоҳи Душанбе, бинои нави мадраса барои 1500 донишҷӯ дар шаҳриДушанбе, маҷтамаи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакиро ба Сироҷиддин Зуҳуриддинов нисбат медиҳанд. Марҳум ҳамчунин ҳаммуаллифи тарҳи майдони “Истиқлол” аст, ки дар пойтахт бунёд мешавад
Сироҷиддин Зуҳуриддинов соли 1952 таваллуд шуда, риштаи сохтмон ва меъмории Донишкардаи политехникии Тоҷикистонро хатм карда ва ҳамчунин ду сол дар ИМА дар риштаи сохтмону меъморӣ такмили ихтисос кардааст.
Ӯ солҳои 1974-1995 ба ҳайси меъмор, меъмори калон, сармеъмори лоиҳаҳо, директори ИЛ “Душанбегипрогор” кор кардааст.
Солҳои 1995-1997 Сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш.Душанбе, сармеъмори шаҳри Душанбе, 1997-2002 Сармеъмори устохонаи илмию эҷодии ТҶ “Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ”, 2002-2015 директори ҶСК “Саноатсоз” ва аз соли 2015 Мудири кулли устохонаи илмию эҷодии ТҶ “Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ” буд.
Сироҷиддин Зуҳуриддинов дорандаи ордени “Шараф” ва узви вобастаи “Академияи меъморӣ ва сохтмони ҶТ” буд.
Ҳамчунин, мақомоти шаҳри Норак хабар додааст, ки машҳуртарин сарбози ҶБВ аз шаҳри Норак Гулов Малах даргузашт.
“Аз даргузашти Гулов Малах мақомоти шаҳри Норак сахт андуҳгин шуда, ба аҳли оила, дӯстону пайвандони марҳум тасаллияти амиқ арз мекунанд”, — қайд кардааст манбаъ.
Гулов Малах иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва собиқадори меҳнат буда, дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак солҳо заҳмат кашидааст
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ