Даргузашти Иқбол Тешаев дар шаҳри Исфара
Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси шаҳри Исфара ва яке аз журналистони муваффақи Тоҷикистон субҳи имрӯз аз олам даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 51 сол дошт.
Гуфта мешавад, ки Иқбол Тешаев як рӯзи ахир дар шӯъбаи эҳёи шифохонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ будааст.
Таибиддин Муҳаммедов, сардухтури Бемористони марказии шаҳри Исфара гуфтаааст, ки Иқбол Тешаевро субҳи имрӯз дар ҳолати вазнин аз хонааш оварданд ва пизишкон талош карданд, ки ӯро наҷот диҳанд, вале бенатиҷа буд.
Таибиддин Муҳаммедов афзуд, сабаби даргузашти Иқбол Тешаев «норасогии кори дилу рагҳо» аст. «Саҳар оварданд мо як соат хизматрасонӣ кардем, дилро барқарор карда нашуд»,-афзуд сардухтур.
Иқбол Тешаев зодаи шаҳри Исфара буда, хатмкардаи бахши журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Ӯ аз рӯзноманигорони фаъол дар матбуоти даврӣ буд.
Маросими дафни Иқбол Тешаев имрӯз дар ҷамоати Ворухи Исфара баргузор мешавад.
Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj аз марги нобаҳангоми ҳампешаи худ, журналисти шинохта Иқбол Тешаев андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум аз даргоҳи Худованди муттаол сабри ҷамил хоҳонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ