Даргузашти Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков – раиси Ҳизби коммунист ва ду дафъа номзад ба мақоми президенти Тоҷикистон – дар 61-солагӣ даргузашт.Чуноне писари марҳум Сорбон гуфтааст, маросими видоъ бо падараш рӯзи шанбе дар масҷиди маҳаллаи Нурулло Ҳувайдуллоеви пойтахт, дар наздикии бинои Додситонии кулл, баргузор ва баъдан дар оромгоҳи Сари Осиё ба хок супурда хоҳад шуд.
Исмоил Талбаков рӯзи 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик)-и вилояти Хатлон ба дунё омада, соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Вай аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият намуда, аз ҷумла солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик ва солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ