Даргузашти нависандаи тоҷик Леонид Чигрин
Леонид Александрович Чигрин, яке аз маъруфтарини адибони русзабони Осиёи Марказӣ рӯзи 5 октябр дар синни 78-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Леонид Чигрин соли 1942 дар шаҳраки Осинторфи Беларус ба дунё омада, баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамроҳи оилааш ба Душанбе кӯчид ва дигар аксари умри боқимондааш дар Тоҷикистон гузашт.
Леонид Чигрин дар Донишгоҳи славянӣ дарс медод ва бештар дар мавзӯъҳои таърихӣ роману повест менавишт.
Ӯ муаллифи китобҳое, чун «Таежный Робинзон» («Робинзон аз ҷангал»), «Затворщица гарема» («Канизи ҳарам») буда, чанд китоби дигар, аз ҷумла романҳои «Спитамен», «Жизнь Чжан Цяня, или Великий шелковый путь» («Ҳаёти Чжан Тзян, ё Роҳи бузурги абрешим») ва китоби «Подвиг Эмомали Рахмона» («Корнамоии Эмомалӣ Раҳмон»)-ро ҳамроҳ бо адиби тоҷик Ато Ҳамдам навиштааст. Китобҳои Чигрин ба забонҳои англисӣ, чинӣ, японӣ ва туркӣ тарҷума шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ