Даргузашти охирин иштирокчии ҶБВ аз Кӯлоб Мирзо Бекматов
Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб собиқадори меҳнат, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ, Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мирзо Бекматов дар синни 96-солагӣ аз олам даргузашт.
Мирзо Бекматов охирин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) дар шаҳри Кӯлоб буд. Номбурда соли 1924 дар деҳаи Зардолуяки ноҳияи Шурообод (ҳоло Шамсиддини Шоҳин) таваллуд шудааст. Дар баробари қаҳрамони ҷанг будан, ходими намоёни давлатӣ, раиси шаҳри Кӯлоб, ду навбат вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон буд.
Аз соли 1987 ба ин ҷониб Мирзо Бекматов вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлобро бар ӯҳда дошт.
Дар очерки “Дар роҳи қисмат”, ки пешкаши шумо мешавад, зиндагинома ва корнамоиҳои марҳум инъикос шудааст.
ДАР РОҲИ ҚИСМАТ
— Хабари Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар фашизми Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои ман лаҳзаи фаромӯнашавандатарини ҳаётам гашт, – он рӯзи баҳории 9 — уми майи соли 1945 — умро ба ёд оварда, мегӯяд Мирзо Бекматов. – То ҳозир нағз дар ёд дорам, ки чи гуна як эҳсоси фараҳманде қалбамро фаро гирифт, ки аз ғалаёнаш қариб буд дилам занад! Ҳатто намедонам, ки чи гуна ин эҳсоси фараҳмандиро фаҳмонам! Ғалабаро ман дар шаҳри Кёнигсберг, Олмони Шарқӣ пешвоз гирифтам. Чи ҷои пинҳон кардан, вақте хабар ёфтам, ки ҷанг ба итмом расидааст, хаёлан пайхас кардам, ки аз тақдири хеш барои зинда монданам миннатдорам!
Ва, чуноне баъди сипарӣ гаштани солҳо худи Мирзо Бекматов иқрор мегардад, ӯ на танҳо аз тақдир миннатдор гашт:
— Рӯзе ба утоқи кориам мӯйсафеде даромад. Маълум гашт, ки он солҳои оташини ҷанг дар колхозе зиндагӣ мекардааст, ки ман он ҷо ба ҳайси муаллими мактаби деҳа кор мекардам. Муаллим ашкрезон аз ман бахшиш мепурсид. «Барои чӣ?» — сабаб пурсидам. Ва посухаш чунин гашт: «Вақти ба фронт сафарбар кардан номи шумо, муаллим, дар рӯйхат набуд. Воситаҳои худро истифода карда, ба ҷои писарам номи шуморо ба рӯйхат дохил кардам, то писарамро аз бадбахтиҳо нигоҳ дорам. Ман фикр мекардам, ки шумо ятим ҳастеду дар ҷанг ҳалок ҳам гардед, ҳеҷ кас ғаматонро намехӯрад. Дар асл, чуноне маълум гашт, ин амалам беҳуда будааст. Аз тақдир гурехта намешудааст. Писарам бемори вазнин шуда, дар дасти худам фавтид!..».
Мӯйсафедро тасаллӣ додам: «Падар, майдони ҷанг барои ман мактаби ҳақиқии мардонагӣ гашт. Агар шумо ҳам намебудед, ман худам ихтиёран ба ҷанг мерафтам!..».
Мирзо Бекматов ҳамчун фарзанди содиқи Ватан паҳлу ба паҳлу бо ҳамяроқонаш он рӯзи Ғалабаи бузургро наздик месохт. Як ба он ордену медалҳое, ки қафаси синаашро оро додаанд, нигаред ва худ хоҳед дарк кард, ки дар саф чӣ гуна сарбоз буд. Ва ба Ватани хеш ҳамчун Қаҳрамон баргашт!..
— Дар бораи фронти 1 — уми Наздибалтик, ки дар бригадаи танкии он ман низ хизмат мекардам, генерали армия И. Х. Баграмян фармондеҳ буд, ҳама — аз сарбози қаторӣ сар карда, то генерал – медонистанд. Дидани фармондеҳи фронт – як, бо ӯ суҳбат доштан – тамоман дигар аст, — гуфт ӯ. — Бо фармондеҳи армия вохӯрдан бошад, ба ман моҳи ноябри соли 1945 дар Штаби округи ҳарбии Наздибалтик дар шаҳри Рига насиб гашт. Ба ман ва сержанти калон Пётр Беляков аз Воронеж фармон омад, ки хизматро дар яке аз қисмҳои авиатсионӣ идома диҳем. Ва пеш аз он ки ба он қисм равем, мо ба штаби округ ҳозир шудем. Ҳанӯз, ки ҳуҷҷатҳоямон омода мешуд, мо қарор додем ба саҳни ҳавлӣ бароем, лекин дар даромадгоҳ бо гурӯҳи генералҳо ва афсарони баландрутба рӯ ба рӯ омадем. Мо ба онҳо салом дода, хостем гузарем, вале генерали бузургҷуссаи мӯйлабсиёҳ нохост пурсид: «Рафиқон сержантҳои калон! Барои чӣ либосҳоятон куҳна, барои чӣ пойафзолатон пайтобапеч аст? Дар штаби округ шумо чӣ кор мекунед?»
«Рафиқ генерали армия! Мо аз бригадаи танкии тақсимгаштаем!.. Барои идома додани хизмат ба қисми авиатсионӣ фиристода шудаем!.. Либосамон аз он сабаб куҳна аст, ки аз майдони ҷанг омадем ва бисёр истифода шудааст!..» — ба ҷои ҳар дуямон Пётр Беляков ҷавоб дод. Ва, чуноне пай бурдед, он генерали армия худи И.Х. Баграмян буд. Генерал зуд ба яке аз ҳамроҳонаш чӣ супорише дода, бо мо хайрухуш кард. Моро зуд либосу пойафзоли нав пӯшонида, озуқаи хушкамон доданд ва сипас барои хӯрокхӯрӣ ба ошхонаи сарбозони штаби округ даъват карданд.
Ҳар гоҳе ки Мирзо Бекматов лаҳзаҳои муҳимеро аз ҳаёти ҷангию меҳнатии хеш ба ёд меорад, гӯиё, аз нав ҷавон мегардад, як ҳисси фараҳмандӣ ӯро фаро мегирад. Ва ёддоштҳои замони ҷанг миёни ин ҳикоёт мақоми махсусро соҳибанд. Бахусус, вохӯриҳо бо лашкаркашони номдор, ходимони намоёни ҷамъиятию давлатӣ, ки дар назди халқу Ватан хизмати арзанда кардаанд.
— Таваккалии тақдир тавре чарх зад, ки бо И. Х. Баграмян дар замони осоишта низ вохӯрдем. Ва на як маротиба, – нақл мекунад Мирзо Бекматов. – Соли 1964 буд. Маросими кушодашавии Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва, бахшида ба 40 — солагии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон. Он вақт ман шунавандаи Мактаби олии ҳизби коммунист дар назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ будам. Контсерт идома дошт. Нигоҳ кунам, ду қатор дуртар аз ман чеҳраи шинос нишастааст. Охир, И.Х. Баграмянро бо касе иштибоҳ кардан номумкин аст. Ӯ ҳатто бо либоси ғайриҳарбӣ аз дигарон фарқ карда меистад. Дар паҳлуяш котиби Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ Георгадзе нишаста буд. Албатта, на Баграмян ва на Георгадзе бо ман шинос набуданд. Лекин кадом як меҳри инсонӣ, ки айёми ҷанг миёни сарбозону афсарон пайдо мешавад, маро сӯи ӯ мекашид. Чӣ ҷои пинҳон кардан, ки дар ҷанг ҳам генерал, ҳам сарбози қаторӣ як хел азобу мушкилот доштанд.
Дафъаи охирин бо маршали Иттиҳоди Шӯравӣ Баграмян тақдир Мирзо Бекматовро моҳи марти соли 1966 рӯ ба рӯ овард. Котиби аввали кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Кӯлоб ҳамчун вакил дар кори Анҷумани XXIII Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок дошт. Давоми рӯзҳои кори ин анҷуман ӯ бо чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳонӣ вохӯрӣ ва суҳбатҳо дошт. Аз ҷумла, бо Валтер Улбрихт, Долорес Ибаррури, Юмжагийн Тседенбал, кайҳоннавардон Юрий Гагарин, Валентина Терешкова, Герман Титов.
— Дар рӯзи сеюм ё чоруми кори съезд ман бо маршал Баграмян ҳам вохӯрдам. Дар танаффус мо бо раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон Абдулаҳад Қаҳҳоров дар даромадгоҳи Қасри Кремл гаштугузор доштем. Ин замон гурӯҳи вакилони ҷамъомадаро дидем. Наздиктар омада, дидем, ки ҳамагон як марди бузургҷуссаи босалобатро иҳота карда, аз ӯ соядаст мегиранд. Бале, ман Баграмянро зуд шинохтам. Ин мобайн Абдулаҳад Қаҳҳорович, ки аз вохӯриҳои ҷангии ман бо ин лашкаркаш огаҳӣ дошт, суст наомада: «Ҷасур бош, Мирзо! Дигар чунин имкон шояд, ки даст надиҳад!..» -гуфта, маро ба пеш тела медод. Ман ба миёни издиҳом даромада, баланд садо кардам: «Иван Христофорович! Рафиқ маршали Иттиҳоди Шӯравӣ! Ман – собиқ сарбози фронти якуми Наздибалтик мебошам! Иҷозат диҳед, ки аз шумо соядаст гирам!» ва варақаи иттилоотии съездро сӯи Баграмян дароз кардам. Ӯ ба ман нигоҳ карда, пурсид, ки дар кадом қисми ҳарбӣ хизмат кардам. «Дар бригадаи танкии гвардиягии 39 — уми полковники гвардия Калинин!» — посух додам. «Ин қисм ва қумандони бригадаро нағз мешиносам!.. Яъне, соядастамро ба сарбози худам медиҳам!..» — табассумкунон маршал Баграмян соядасташро гузошт ва сахт дастамро фишурд. Ин лаҳза садои занг баланд шуд ва мо ҳамроҳ вориди толор гаштем!..
Муболиғае нахоҳад буд, агар гӯем, ки дар сеюмин шаҳри мамлакат, яъне дар Кӯлоб – калонсолеро ёфтан мушкил аст, ки Мирзо Бекматовро нашиносад ва ё дар борааш сухани неке нашунида бошад. Ва ин омилро сабаб – хизмати тӯлонию содиқонаи Мирзо Бекматов ба мардуми шаҳр дар самти ободонии диёри азиз, дар вазифаҳои гуногун, то ба вазифаи котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунисти шаҳр мебошад.
Сохтмони хати обгузари «Ҷангалбошӣ – Кӯлоб», сохтмони пули сойи Тебалай, газификатсионӣ ва таҷдиди роҳҳои мошингарди шаҳри Кӯлоб, сохтмони бинои сеошёнаи меҳмонхона дар шаҳри Кӯлоб, бинои дуошёнаи ҳаммоми шаҳр, роҳҳои автомобилгарди «Кӯлоб — Даҳана», «Хонаобод — Давлатобод», Муассисаи нақлиётии Вазорати сохтмони ҷумҳурӣ, таҷдиди корхонаҳои пахта ва равғани шаҳр, сохтмони 4 бинои сеошёнаи мактаб — интернат барои 400 нафар, варзишгоҳи шаҳр ба номи Томин, ташкили дастаи футболбозони «Равшан» — и шаҳри Кӯлоб, созмон додани Хоҷагии токпарварии ба номи Мичурин дар ҳудуди заминҳои ноҳияи Муъминобод – ин танҳо як шумори нопурраи он иншооту коргоҳҳоест, ки замони дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият доштани Мирзо Бекматов қомат афрохта, шаҳри Кӯлобро ба маънои томаш мувофиқ ба мақоми шаҳр сохтаанд.
— Бист соли ҳаёти хешро ба хизмати халқу Ватани азиз маҳз дар ҳамин бино бахшидаам! – ба иморати дуошёнаи дар чорроҳаи хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ, 34, дар паҳлуи бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр воқеъгашта ишора карда, — мегӯяд Мирзо Бекматов. — Он солҳо кумитаи шаҳрии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ана дар ҳамин бино ҷой гирифта буд.
Меҳнати пурбаракат ва пурсамари Мирзо Бекматов ба таври арзанда қадр шудааст. Ӯ ду маротиба вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии ҷумҳурӣ интихоб гардида, маротибе вакил ба Анҷумани олии ҳизби коммунист – съезди Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шудааст.
Соли 2002 Мирзо Бекматов бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд. Инчунин, ба гирифтани ордени «Нишони фахрӣ» шарафёб гашт.
Аз соли 1987 инҷониб роҳбарии Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлобро ба уҳда дорад. Ҳамзамон аъзои Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватании Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва аъзои Президиуми Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ному насаби Мирзо Бекматов ба Китоби фахрии собиқадорони ҷанг дар Осорхонаи Поклонная Гора (Москва, Федератсияи Русия) дохил карда шудааст. Мирзо Бекматов «Шаҳрванди фахрӣ» — и Ҷумҳурии Беларус ва Ҷумҳурии Литва мебошад.
Чанд сол қабл ба Мирзо Бекматов рутбаи ҳарбии «Полковники гвардия» дода шуд.
Мирзо Бекматов якчанд маротиба дар Паради Ғалаба бар фашизми Олмон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пойтахти Федератсияи Русия, шаҳри Москва иштирок дошт.
Соли 2010 қаҳрамони мо иштирок ва намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати вакилони собиқадорони ҷанг аз ИДМ дар Фаронса шарафёб гашт. Бо даъвати ҷониби Фаронса Мирзо Бекматов ба Париж сафар карда, дар чорабиниҳои бахшида ба 65 — умин солгарди баитмомрасии Ҷанги дуюми ҷаҳон ширкат варзид.
— Аз обу оташи Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузашта, ҳаёти хешро ба хизмати халқу Ватан бахшидан, нисфи ҷаҳонро сафар карда дидан, вале дар ин бора асару мақолае нанависӣ, то мардум, насли имрӯза надонад – амалест нобахшиданӣ, – изҳор мекунад худ Мирзо Бекматов. Ва баҳри тақвияти гуфтаҳои хеш ҳозир аст, ки теъдоди асарҳои чопгаштаашро пешкаши ҳамсуҳбаташ созад: «Таърихи ташкилёбии Ҳокимияти Шӯравӣ дар шаҳру ноҳияҳои гурӯҳи Кӯлоб», «Комбриг Томин», «Раиси ревком Саидҷон Назаров», қиссаи ҳуҷҷатии «Ёди он айёми пурошӯб», «Ғолибон», «Назаре ба гузаштаи айём», «По зову времени», «Паҳлуҳои зиндагӣ» ва «Умри босамар», ҳам бо забони тоҷикӣ ва ҳам – русӣ. Инчунин, даҳҳо мақолаҳои публитсистӣ. Ӯ боз машғули навиштани ёддоштҳои хеш аст, то ки барои насли наврас ва оянда аз таърихи гузаштаю имрӯзаи кишвар меросе боқӣ гузорад.
Ҳафтае қабл аз ҷашни мавлудаш Мирзо Бекматов муаллифи ин сатрҳоро наздаш хонд: «Мақсад дорем, ки ба пешвози 70 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ фотоалбоми рангине тайёр намоем. Киро тавсия дода метавонед, ки дар омодасозии ин фотоалбом ба мо ёрӣ кунад?..».
Аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб, шуъбаи фарҳанг, Театри мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализода, Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – хуллас, ҳама ба ҷашни 90 — солагии Мирзо Бекматов омодагӣ гирифта истодаанд, соҳибҷашн бошад, дар андешаи пешвозгирии санаи 70 — солагии Ғалаба бар фашизми Олмон аст!.. Он чи ки аён аст, … Мирзо Бекматов бо фикри фардои дурахшон умр ба сар мебарад!..
Мирзо Бекматов – аз онҳоест, ки ба сари китфонаш бори гарони ҷанг фурӯ рехт ва бо қувваи бозуи чунин мардони майдон Ғалабаи бузург ба даст омад. Онҳое, ки синнашон аз 80 болост, нағз медонанд ва дар ёд доранд, ки насли калон тавонист фашизмро ба зону шинонад. Тасаввур кардан ҳам мушкил, ки агар ин Ғалаба намебуд, мардуми Иттиҳоди Шӯравиро чӣ интизор мегашт!..
Соли оянда мо 70 — умин солгарди ин Ғалабаи Бузургро ҷашн хоҳем гирифт. Дар умқи таърих «70» начандон муддати тӯлонист, вале дар тақдири инсон – умри як наслест!..
Марди бузург. Наздат сари таъзим фуруд меорам! Барои осмони софи болои сари мо!.. Умри дарозу бобаракат мехоҳам. Мирзо Бекматови азиз!.. Бароятон саломатӣ, бардамӣ ва фатҳи қуллаи 100 — солагиро таманно дорем!
Зафар МУРОДОВ, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ