Даргузашти полковники Академияи ВКД дар Душанбе
Шаби 8-уми июн дар Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – «Шифобахш» (Қарияи Боло) бар асари беморӣ Нақиб Нозиров, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники мустаъфӣ даргузашт. Ӯ ҳамагӣ 52 – сол дошт.
Номбурда 10 сентябри соли 1971 дар деҳаи Зери Ҳисори шаҳри Панҷакент ба дунё омада, солҳои 1993-1997 дар Академияи ВКД Федератсияи Россия таҳсил кардааст.
Нақиб Нозиров дар вазифаҳои зерин фаъолияти пурсамар дошт:
-Солҳои 1997-1999 дар вазифаи нозири шуъбаи таъмини ҳуқуқ ва алоқаҳои берунаи Ситод, муфаттиши Раёсати тафтишотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст;
-Солҳои 1999-2003 омўзгори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети №2 Академияи ВКД;
— Солҳои 2003-2006 адъюнкти кафедраи “Идоракунии мақомоти тафтишоти ҷиноятӣ”-и Академияи идоракунии ВКД Россия.
Ҳамчунин, соли 2006 дар шаҳри Москва дар мавзўи «Охрана прав и свобод человека и гражданина в досудебном производстве по уголовному делу», аз рӯи тахассуси 12.00.09 – мурофиаи ҷиноятӣ, рисолаи номзадиашро дифоъ намудааст.
Баъдан, солҳои 2006-2008 дар вазифаи сардори кафедраи “Назарияи идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”-и факултети №1 Академияи ВКД;
-Солҳои 2008-2011 сардори кафедраи “Мурофиаи ҷиноятӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД;
-Солҳои 2011-2014 сардори кафедраи “Назарияи идоракунии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ”-и факултети № 1 Академияи ВКД;
-Солҳои 2014-2015 сардори кафедраи “Мурофиаи ҷиноятӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД;
-Солҳои 2015-2020 сардори факултети №1-и Академияи ВКД.
Солҳои 2020-2022 сардори факултети №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.
Аз моҳи октябри соли 2022 ба нафақа баромада буд.
Нақиб Нозиров муаллифи зиёда аз 50 асари илмӣ-тадқиқотӣ ва таълимӣ мебошад. Ду монография, як курси лексия, чанд дастури таълимӣ-методӣ ва барномаи таълимӣ навишта, зиёда аз 45 мақолаи илмиро дар самти мурофиаи ҷиноятӣ, проблемаҳои ҳифз, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиф намудааст.
Барои хизматҳояш бо медалу нишон ва унвонҳои “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2010), “Аълочии милитсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ” (2011) сарфароз гаштааст.
Ҷанозаи шодравон НАҚИБ НОЗИРОВ имрӯз, 9 июн дар зодгоҳаш, дар деҳаи Зери Ҳисори ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент баргузор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ