Даргузашти президент Каримов, ояндаи ҳукумати ӯ чӣ мешавад?

Тавре,ки сомонаи “Фергана.ру” хабар додааст, дирӯз тақрибан соати 15 вақти Тошканд  Ислом Каримов-президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз олам даргузаштааст.

Аммо то ҳол аз Дастгоҳи иҷроияи президент тариқи сомонаи РИА “Новости” ин  хабарро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ӯ танҳо дар бемористон бистарӣ аст. Аммо то кадом андоза ин хабар ҳақиқат дорад, ҳанӯз маълум нест. Қаблан духтари Каримов Лола Каримова –Тиллоева гуфта буд.ки падараш бар асари хунравӣ ба мағзи сар дар шӯъбаи эҳёгарӣ қарор дорад. Тавре, ки гурӯҳи мухолифини ҳукумати Ӯзбекистон  иттлоъ додаанд, Каримови 78 сола  дар шабнишиние, ки ба муносибати бозгашти олимпичиёни ин кишвар бегоҳирузии 26 август дар бустонсарои “Дурман” ташкил карда шуда буд, якбора бемор шудааст. Аз руи гуфтаи манбаъҳои гуногун Каримов аз муваффақияти варзишгарони кишвар хурсанд шуда. аз ҳад зиёд шароб нӯшидааст, Баъдан вақти сӯҳабат бо роҳбари дастгоҳи худ Саломхон Ҳайдаров якбора беҳуш шудааст ва баъд аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ ӯро ба беморхона бурдаанд.  Ногаҳон бемор шуда аз пой афтодани Ислом Каримов, раҳбари 78-солаи Узбекистон сару садоҳоро баланд кардааст.ки , ки баъд аз марги ӯ   вазъи Узбакистон чӣ мешавад ва таъсири он ба Осиёи Марказӣ, ки Каримов аз лидерҳои он ҳисоб мешавад, чигуна хоҳад буд? Аксари таҳлилгарон, ки назари худро дар ин мавзуъ  мегӯянд,ки  мушкили калидии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки даҳсолаҳо як раҳбар доштанд – набуди вориси қудрат аст. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар давоми 25 соли раҳбариаш дар Ӯзбекистон Каримов чандин бор ба Қонуни асосӣ даст зада, мӯҳлати раҳбариашро тамдид ва шеваи яккаҳукуматиро табдил ба як системаи давлатӣ кард. Қонуни асосии Узбекистон дар сурати нотавонӣ ва ё марги президент ҳақи раҳбариро ба дӯши раиси палатаи болоии парлумони кишвар (сенат) шахси шинохтаношудаНеъматулло Юлдошев вогузор мекунад, вале зоҳиран таҳаввулоти минбаъда аз рӯи сенарияи дигар ва бо иштироки афроди дигар таҳия ва татбиқ мешавад. Муҳимтарин нафар ё гурӯҳ онҳое буда метавонад, ки аввал шуда хабари расмии маризи ва марги  президентро пахш карданд — ҳукумати таҳти раҳбарии Шавкат Мирзиёев аст .Таҳлилгар Брюс Паннир мегӯяд, ки Мирзиёеви 58-сола, як намояндаи клани Самарқанд ва солҳои 1996-2001 — раиси вилояти Ҷиззах, яке аз номзадҳои эҳтимолии аввал, вале на калидӣ арзёбӣ мешавад. Дар сурати сари қудрат омадани ӯ, ба андешаи нозирон, як раҳбари боз ҳам худкаомаю  саркубгар  мешавад. Номзади рақами ду – вазири молия Рустам Азимови 56-сола буда метавонад, ки аз Тошканд буда, аз соли 1998 ҳамеша дар мақомҳои марбут ба ин соҳа кор кардааст. Ӯро дар равобит бо хориҷа таҳрибаи бештар дошта, мақомҳои раиси Бонки миллӣ ва ҳам масъули равобит бо Бонки аврупоии бозсохт ва рушд кор кардааст. Номзади эҳтимолии сеюм, вале хеле муҳим – раҳбари амалкунандаи Кумитаи амнияти миллӣ Рустам Иноятови 72-сола мебошад. Брюс Паннир менависад, ки баъди дар соли 1995 омаданаш ба вазифа, ин намояндаи клани Тошканд дар асл нақши “раҳбари пасипардагӣ” ё “серый кардинал”-и ҳукумати Каримовро бозӣ кардааст. Иноятовро бисёриҳо дар саркӯбии духтари калонии президент Гулнора Каримова айбдор мекунанд, ки баъди соли 2014 маълум нест дар куҷосту чӣ ҳол дорад. То он замон маҳз Гулнораро бисёриҳо ҷойгузини эҳтимолии падар дар курсии президентӣ меномиданд.Осиёи Марказӣ агарчи аз шеваи зиндагии Шӯравӣ канор рафтааст, аммо як рукни он — овоза накардани ҳолати воқеии раҳбари давлатро ҳифз кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *