Даргузашти профессор Додихудоев

Имрӯз дар шаҳри Душанбе доктори илми фалсафа (1990), профессор (1990), узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997), аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997) Хаёлбек Додихудоев аз олам даргузашт.

Номбурда Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1960). Самтҳои асосии фаъолияти илмиаш таҳқиқи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ буданд ва дар ин мавзуъҳо китобу рисола ва мақолаҳои зиёд нашр кардааст.

Ӯ дар вазифаҳои мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1974-1992). Директор – ташкилотчӣ (1991-1996), и.в. директори (1996-2000) Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои ҶТ, ҳамзамон ректори Донишгоҳи давлатии ба номи М.Назаршоеви Хоруғ (1995-1998). Мудири шӯъбаи онтология ва гносеология (2001-2009), сарходими илмии (2009 — то имрӯз) Институти фалсафа ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови (ҳоло – Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов) Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кору фаъолият кардааст.

Аз Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон марги Хаёлбек Додихудоевро талафоти калони илми тоҷик арзёбӣ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *