Даргузашти рӯзноманигор Мавлуда Рофиева
Рофиева чанд рӯзи охир аз бемории монанд ба «илтиҳоби шуш» ранҷ мекашид
Мавлуда Рофиева, хабарнигори Агентии иттилоотии Asia — Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар синни 57 — солагӣ аз олам даргузашт.
Муҳаббат Ҷӯраева, аз ҳамкорони Рофиева гуфтааст, ки Рофиева чанд рӯзи охир аз бемории монанд ба «илтиҳоби шуш» ранҷ мекашид.
Мавлуда Рофиева, аз рӯзноманигорони фаъоли зан дар вилояти Суғд буд, ки дар инъикоси саривақтии ахбори муҳими минтақаи шимоли кишвар саҳми басо назаррас дошт.
Хабарҳои марбут ба баҳсҳои марзиро пайваста дунбол мекард. Ӯ аз рӯзноманигорони фаъоле буд, ки бевосита ҷараёни музокироти ҷонибҳо дар ҳалли масъалаи марз миёни Тоҷикистон бо Қирғизистонро бозтоб менамуд.
Мавлуда Рофиева 30 декабри соли 1963 дар шаҳраки Адрасмон таваллуд шудааст. Ҳудуди 20 сол боз ба ҳайси хабарнигори хабаргузории Asia-Plus дар вилояти Суғд фаъолият дошт. Рофиева ҳамчунин, роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ дар Суғд буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ