Даргузашти синамогари тоҷик Ёрмуҳаммад Аралов

. Коргардони шинохтаи тоҷик Ёрмуҳаммад Аралов шоми 23 июн дар синни 67 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид. Ба гуфтаи наздиконаш, коргардон солҳои охир аз бемории диабети қанд ранҷ мекашид. Маросими видоъ бо Ёрмуҳаммад Аралов рӯзи 24 июн дар назди манзилаш дар ҳавлии бинои баландошёнаи назди кинотеатри “Ватан” ва намози ҷанозааш дар масҷиди Сариосиё баргузор мешавад.
Ёрмуҳаммад Аралов ВГИК – Донишкадаи кинематографияи шаҳри Маскавро хатм кардааст (соли 1975 бо ихтисоси ҳуннарпеша ва соли 1984 бо ихтисоси коргардони синамо). Ӯ солҳои 1975-1979 дар Театри ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша ва аз соли 1984 ҳамчун коргардони филмҳои мустанад ва бадеӣ дар “Тоҷикфилм” кор мекард. Солҳои 1991-1992 котиби Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *