Даргузашти собиқ раиси Суди олӣ

Шароф Маҳмудов, собиқ Раиси Суди олӣ ва вазири собиқи адлияи Тоҷикистон, дар 89-солагӣ даргузашт. Ӯ рӯзи 24-уми август аз олам чашм пӯшид.

Маҳмудов соли 1931 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд зода шуда, бахши ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1990 то 1994 ҳамчун раиси Суди олӣ ва аз он пештар ҳамчун муовини вазир ва вазири адлияи Тоҷикистон кор кардааст. Маҳмудов аз соли 1994 нафақагир буд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *