Даргузашти собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Ғончӣ»
Раёсати созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд бинобар вафоти Усмонҷон Икромов — собиқадори матбуот, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Овози Ғончӣ», собиқ сарвари созмони аввалияи ИЖТ дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) бо андӯҳи гарон изҳори таслият намуда, ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони марҳум сабри ҷамил металабад.
Усмонҷон Икромов 12 декабри соли 1951 дар деҳаи Угуки ноҳияи Деваштич дар оилаи омӯзгор таваллуд ёфтааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи деҳа соли 1968 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бахши рӯзноманигорӣ таҳсил намуда фаъолияташро аз соли 1973 дар рӯзномаи «Ҳақиқати» -и ноҳияи Ленин (ҳоло ноҳияи Рӯдакӣ) оғоз кардааст. Аз соли 1975 узви ҷомеаи меҳнатии рӯзномаи ноҳиявии «Байрақи Октябрь» (баъдан «Овози Ғончӣ») гардида, зинаҳои гуногуни фаъолиятро тай намудааст.
Дар вазифаҳои мухбири махсус, муҳаррири радиошунавонии маҳаллӣ, мудири шӯъба ва котиби масъули рӯзномаи ноҳиявӣ кор кардааст. Соли 1982 ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта мешавад. Тайи 26 сол аз соли 1991 то соли 2017 муҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Овози Ғончӣ» буд.
Хизматҳояш бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҳои Аълочии фарҳанг ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳои МИҲД-и вилояти Суғд ва ноҳияи Ғончӣ, Иттифоқи журналистони ҶТ ва Раёсати созмони вилояти суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадршиносӣ карда шудааст. Усмонҷон Икромов 1 ноябри соли 2020-ум бар асари сактаи қалб дар синни 69-солагӣ вафот кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ