Дархости DHL-ро Душанбе рад намуд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дархости почтаи байналмилалии DHL-ро барои сабтином дар кишвар рад кардааст. Масъулони ин ниҳод гуфтанд, ки намояндагони DHL дар санадҳои пешниҳодӣ ба камбуд роҳ додаанд.
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тақрибан се моҳ пеш фаъолияти почтаҳои байналмилалии DHL, TNT, UPS ва Pony Express-ро барои муддати номуайян дар ҳудуди кишвар мутаваққиф кард. Ҷонибек Дадоматов, сардори яке аз раёсатҳои Хадамоти алоқа, рӯзи 9-уми сентябр б гуфтааст, фақат дар сурати ислоҳми камбуд барои идомаи фаъолияти ин почтаи байналмилалӣ иҷоза хоҳанд дод. Ӯ гуфт, “ба онҳо нома фиристода, масъаларо фаҳмондем. Дигар ба мо муроҷиат нанамуданд.”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ