Дарозтарин хатсайри ҳавоӣ кадом аст?
Дар давоми тӯлонитарин парвози мусофирбар дар ҷаҳон, шумо метавонед 8 соат хоб кунед, чанд филм тамошо кунед, китоб хонед ва ҳоло ҳам дар ҳаво бошед.
Дар охири соли 2018, ширкати ҳавопаймоии миллии Сингапур парвози мусофирбари Сингапур — Ню-Йоркро оғоз мекунад, ки беш аз 20 соат танҳо ба як самт давом мекунад. Айни замон рекорди тӯлонитарин парвози мусофирон — 18 соатро ширкати Qatar Airways, ки парвозро аз Окленд, Зеландияи Нав ба Доҳа, пойтахти Қатар анҷом медиҳад, иҷро мекунад. Ба мусофирон тавассути ҳавопаймоҳои навъи Airbus-A350 -и UlR , ки аз версияи стандартӣ бо системаи сӯзишвории наваш фарқ мекунад, хизмат мерасонанд.
Ин навоварӣ масофаи парвози ҳавопайморо 1800 км афзоиш медиҳад. Гуфта мешавад, ки Airbus-A350URL қодир аст масофаи 16000 километрро тай намояд ва то дусад нафар мусофирро интиқол диҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ