Дарёфти иҷозатномаи сарояндагӣ мушкилтар шуд

Муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» шӯрои бадеӣ ташкил кард. Аз ин ба баъд сарояндаҳое, ки мехоҳанд иҷозатнома бигиранд, бояд назди аъзои комисия ба таври зинда сурудхонӣ кунанд. Дар як ҷаласае, ки чанде пеш баргузор шуд, аъзои шӯрои бадеӣ ҳунарнамоии 32 сарояндаро шуниданд.

Пештар барои дарёфти муҷаввиз ё парвона сарояндаҳо танҳо сурудҳояшонро дар фитта ё диск сабт карда, ҳамроҳ бо матн ба мақомоти дахлдор ирсол мекарданд. Масъули муассисаи давлатии «Ӯзбекконсерт» Одилҷон Абдуқаҳҳоров гуфт, ин тартибот аз 1 июл ҷорӣ шудааст.

Ба гуфтаи Абдуқаҳҳоров, акнун сарояндаҳои ӯзбек ҳақ надоранд, ки бе иҷозати шӯрои бадеӣ навори сурудҳояшонро дар интернет нашр кунанд. «Манзури мо риояи расму анъанаҳои миллӣ ва пешгирӣ аз нашри наворҳои зиддиахлоқӣ дар Интернет аст», — гуфт Одилҷон Абдуқаҳҳоров.

Тибқи муқаррароти нав, барои дарёфти иҷозатномаи баргузории консерт, сароянда бояд 60 дарсади сурудҳояшро ба таври зинда иҷро кунад.

11 июл муассисаи «Ӯзбекконсерт» парвонаи чанд сарояндаро бекор кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *