Дастгиршавии модари кӯдакфурӯш
Ба зидди як зани 35-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ бо иттиҳоми бо нархи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтани тифли навзодаш парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Дар 4 моҳи охир ин алакай сеюмин мавриди боздошти занон дар Тоҷикистон бо иттиҳоми кӯдакфурӯшист.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки як зани 35-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ (Қумсангири собиқ)-и вилояти Хатлон ба кӯдакфурӯшӣ айбдор мешавад. Бино ба ин манбаъ, ин зан рӯзи 31 март дар таваллудхонаи ноҳияи Дӯстӣ духтар таваллуд карда, «ба ӯ ном гузошта, ҳамчунин шаҳодатнома дар бораи таваллуд гирифтааст. Сипас, бо маслиҳати марди 34-сола ва зани 41-солаи сокинони ноҳияи Дӯстӣ кӯдаки навзодашро ба марди 27-солаи сокини ноҳия ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.”
Ба зидди ин зан парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва тафтиш идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ