Дастоварди хонандагони тоҷик дар Париж: 5 медали тилло, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ
Аз 18 то 23-юми июли соли 2023 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса даври ниҳоии 3-юмин Олимпиадаи байналмилалии STEM бо ташаббуси Ҷумҳурии Федеролии Олмон ташкил ва баргузор гардид.
Олимпиадаи мазкур аз фанҳои табиатшиносӣ, математика ва технологияи иттилоотӣ гузаронида шуд. Қобили зикр аст, ки дар даврҳои олимпиада зиёда аз 11 ҳазор хонанда аз 114 давлат, 1200 муассиса ва 900 нафар иштирок намудаанд.
Даври ҳузурии Олимпиада бошад, дар Донишгоҳи давлатии Сорбони шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардида, дар он 22 давлат, 96 муассиса, 64 роҳбалад ва 440 нафар иштирокчиён бо ҳам қувваозмоӣ намудаанд.
Бино ба иттилои Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 36 нафар иштирокчиён, аз 7 муассисаҳои гуногуни ҷумҳурӣ; 29 нафар аз шаҳри Душанбе, 7 нафар аз вилояти Суғд дар озмуни мазкур иштирок намудаанд.
Дар олимпиадаи мазкур дастаи олимпии пойтахт фаъолона иштирок намуда, соҳиби 18 медал гардидаанд, ки аз ин шумора 5 медали тилло, 5 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ мебошад.
Як нафар хонандаи синфи 6-уми Муассисаи таълимии гимназияи хусусии «Кафолат»-и шаҳри Душанбе Шоҳхоҷаев Абубакр дар сегонаи ғолибони мутлақ байни синфҳои 6 аз фанни математика мақоми сеюмро ишғол кардааст.
Маросими қадрдонӣ ва ҷоизасупории ғолибони даври ниҳоии озмун дар музейи «Илм ва саноат»-и шаҳри Париж, ки калонтарин музей дар минтақаи Аврупо ба ҳисоб меравад, баргузор гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ