Дастури Нуриддин Саид ба роҳбарони ТВ ва радиоҳои давлатӣ

Роҳбарони радио ва телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дастур гирифтанд, ки давоми ду рӯз аз пахши суруду мусиқӣ худдорӣ намоянд.

“Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба мардуми дӯст ва ҳамфарҳанги мо Эрон аст”, — шарҳ додааст Нуриддин Саид, раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон ба хабаргузории «Спутник».

Ёдовар мешавем, ки 19 майи соли равон Президенти Эрон Иброҳим Раисӣ бо 8 нафар ҳайати воломақоми ҳамроҳонаш дар натиҷаи  суқути чархбол дар вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон ба ҳалокат расиданд.

Дар робита ба ин дар Эрон панҷ рӯз мотами миллӣ эълон гардидааст. Ҳамчунин, дар намояндагиҳои Эрон дар хориҷ  парчамҳо поин оварда шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *