Даъвати баҳорӣ 57% иҷро шуд

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи кишвар иттилоъ доданд, нақшаи даъвати баҳории соли 2017 дар зарфи беш аз 20 рӯзи ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 57% иҷро шудааст.

Дар байни комиссариатҳои ҳарбӣ нақшаи даъватро аввалин шуда комиссариатҳои ҳарбии навоҳии Мурғоб, Носири Хусрав  ва Шамсиддин Шоҳин пур кардаанд. Бинобар маълумоти манбаъ, аз рӯйи иҷрои нақшаҳои даъхвати баҳорӣ вилояти Суғд, ки нақшаро  62% фоиз иҷро намудааст, пешсаф мебошад. Комиссариатҳои ҳарбии вилояти Хатлон — 59%, ВМКБ —  58%, шаҳри Душанбе – 51 фоиз, навоҳии тобеи марказ — 50% фисади уҳдадориҳои худро ба сомон расондаанд..

Маъракаи даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон 1 апрел шурӯъ шуда, то 31 май идома меёбад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *