Давлаталӣ Саид ба аёдати хонаводаи сарбозони шаҳидшуда рафт
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба хотири гиромидошт ва абадӣ гардонидани номи сарбозони дар ҳифзи Ватан ҳалокгардида ба аёдати хонаводаи оилаҳои марҳум Ҳусейнов Шодмон ва Маҳмадов Маҳмадҷон рафтааст.
Бино ба иттилои МИҲД-и вилояти Хатлон, зимни боздид иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба волидони сарбозони шаҳидгашта изҳор доштааст, ки қаҳрамонию ҷоннисорӣ ва хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан дар хотирҳо абадан зинда нигоҳ дошта шуда, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад гашт.
Гуфта мешавад, ки Ҳусейнов Шодмон соли 2021 ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузашта, 7-уми апрели соли 2021 аз ноҳияи Кӯшониён барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба вилояти Суғд сафарбар гардидааст.
Маҳмадов Маҳмадҷон бошад, баъди хатми муассисаи таълимӣ соли 2018 ба Донишгоҳи Олии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2022 донишгоҳи мазкурро хатм намудааст. Мувофиқи тақсимоти Гарнизони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ӯ ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сафарбар гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ