“Давлати исломӣ” дар Аврупо. Чаро бештар тоҷикон боздошт мешаванд?
Тайи як ҳафтаи охир дар Олмон ва Ҳолланд 10 зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт карданд, ки 6 нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд…
“Давлати исломӣ” дар Олмон
Мақомоти Олмон ҳафт зодаи Осиёи Марказиро бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ боздошт кардаанд, ки панҷ нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд. Дар ин бора Додситонии Олмон хабар медиҳад.
Манбаъ хабар медиҳад, ки нафарони боздоштшуда ба таъсиси гурӯҳи террористӣ ва дастгирии гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» муттаҳам мешаванд.
“Ҳафт мард дар иёлати ғарбии Райн-Вестфалени шимолӣ боздошт шудаанд. 5 нафари боздоштшудагон аз Тоҷикистон, як нафар аз Туркманистон ва як нафари дигар аз Қирғизистон мебошанд”,- гуфтааст Додситонии Олмон.
Додситонии Олмон аз боздоштшудаҳо Муҳаммадшуҷоъ А., Нуриддин К., Шамшод Н., Саид С. ва Раббонӣ З. ном бурда, навишт, ки онҳо ба эҳтимоли зиёд аз Украина вориди ин кишвар шудаанд.
“Ба гуфтаи додситонҳо, ҳадафи гумонбарон анҷом додани «ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ дар Олмон” буд ва онҳо аллакай ҳадафҳоро муайян карда, дар талош буданд, ки силоҳ ба даст оранд. Шаш нафари онҳо аз моҳи апрели соли 2022 барои гурӯҳи “Давлати исломӣ” маблағ ҷамъ карда, чанд маротиба ба гурӯҳҳои террористӣ маблағ фиристодаанд”,- гуфтааст Додситонии Олмон.
Гумонбарон дар Олмон
Ҳамчунин, Додситонии Ҳолланд низ аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми терроризм хабар дод. Онҳо марди 29-сола аз Тоҷикистон ва ҳамсараш зани 31-сола аз Қирғизистон мебошанд. Додситонии Ҳолланд гуфтааст, ки ин ду нафар бо чанд нафар дар Олмон дар тамос буданд. Ин марди тоҷик ба узвият дар созмони “Давлати исломӣ” муттаҳам мешавад, вале додситонии Ҳолланд гуфтааст, ки “нақшаҳои ӯ ҳанӯз мушаххас набуд”. Гуфта мешавад, ин мард узви гурӯҳе буд, ки дар Олмон боздошт шуданд.
“Ин ду нафар аз соли 2022 дар Ҳолланд зиндагӣ мекарданд ва барои омодагӣ ба амалиёти террористӣ гумонбар мешаванд. Ин мард ҳамчунин ба узвият дар гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ” гумонбар дониста мешавад”,- гуфтааст Додситонии Ҳолланд.
Аммо Додситонии Ҳолланд шахсияти нафарони боздоштшударо ошкор накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки “намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аз неруҳои амниятии Олмон тасдиқи боздошти тоҷиконеро, ки гӯиё ҳамлаи террористӣ омода мекарданд, дархост кардааст”.
“Ниҳоди дипломатии мо дар Олмон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дар тамос аст ва дар бораи ин парвандаи ҷиноятӣ маълумоти расмӣ дархост кардааст”,- хабар медиҳад ВКД.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта низ мақомоти Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» ё ДОИШ ба зиндон маҳкум карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ