Давлатзода Кумитаи идораи заминро ба суд медиҳад?

Масъулини Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотии хеш, ки 8—феврал баргузор гардид аз изофанависии кишти картошка дар майдони 187 гектар нигаронӣ карданд. Ба иттилои ин ниҳод масъулини шаҳри Левакант дар кишти картошка дар майдони 28 гектар маълумоти бардурӯғ пешниҳод кардаанд.    

Аммо имрӯз 15-феврал дар нишасти хабарӣ Зарина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант афзуд, ки гуфтаи масъулини Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон асос надорад. Ӯ иддао кард, ки масъулини Кумитаи идораи замин дар шаҳри Левакант ягон гуна ченак нагузаронидаанд.

“Ман ба Кумитаи идораи замин гуфтам маълумотро кӣ пешниҳод кардааст? Ӯро ба суд медиҳам. Мутахассис наомадааст. Маълумоти бардуруғ ба раиси вилояти Хатлон пешниҳод шудааст. Ин маълумотро аз куҷо гирифтаанд ман намедонам”.   

 Аммо дар ҳамин ҳол Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон дар нишасти матбуотии хеш, ки 10-феврали соли равон баргузор гардида буд, аз изофанависӣ дар кишти картошка изҳори нигаронӣ карда гуфт, изофанависӣ дар майдони 187 гектар не, аз инҳам зиёд аст.   

 Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *