Давлатзода сабаби марги 4 шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳаҷи фарзӣ гуфт

Имсол 4 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳаҷи фарзӣ фавтидаанд. Онҳо аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Данғараву Фархор ва шаҳри Турсунзода буданд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ дар Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд.

Сулаймон Давлатзода, раиси Кумита сабаби фавти ҳоҷиёни тоҷикро шарҳ дода, гуфт, ки онҳо аз бемории музмин фавтидаанд.

“Аксари мардум фикр мекунанд, ки ба ҳаҷ рафтанд, бемориашон шифо меёбад, вале яке аз шартҳои ҳаҷ солим будани ҳаҷкунанда мебошад, ки тавонад дар миёни издиҳом бе мушкилӣ адои ҳаҷ намояд”,-гуфт Давлатзода.

Ёдовар мешавем, ки арзиши хизматрасониҳои мавсими ҳаҷи соли ҷорӣ 57 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *