Даври ниҳоии ҶО-2023. Довари тоҷик бозиҳоро ҳакамӣ мекунад
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло аз Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 байни ҷавонон (U-20), ки аз 1-ум то 18-уми март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, довар таъйин гардидааст.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ғайр аз Гулмуроди Саъдулло боз ду намояндаи Тоҷикистон — ёвари довари ФИФА Вафо Қараев ва сардори раёсати доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Абдуллоев барои доварон ба ҳайси инструктори фитнес дар чемпионати Осиё байни ҷавонон кор мекунанд.
Бояд гуфт, ки дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 миёни дастаҳои ҷавонони то 20-сола 16 даста баромад мекунад. Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гуруҳи «С» бо мунтахабҳои Урдун (2-юми март), Уммон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) нерӯ месанҷад.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор тими беҳтарин соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2023 мегарданд, ки баргузориаш дар Индонезия ба нақша гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ