ДБССТ бо 30 корхона барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартнома баст

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 30 корхонаву ташкилоти истеҳсолию хизматрасонии ватаниву хориҷӣ барои гузаштани таҷрибаомӯзии донишҷӯён шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд.

Ректори ин муассисаи олӣ Убайдулло Асрорзода имрӯз, 2 август зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  ҳадаф аз ин иқдом  ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳо мебошад.

“Раванди таҳсил дар донишгоҳ бо дарназардошти эҳтиёҷоти муосири иқтисодиёти мамлакат пайваста такмил дода мешаванд. Нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ низ пурра таҷдиди назар карда шуданд. Ҳоло ҳуҷҷатҳо барои аз аккредитатсияи ниҳоди байналмилалӣ гузаронидани донишгоҳ омода карда шуда, ба Агентии мустақил оид ба таъмини сифати таҳсилот (IQAA) барои баррасӣ ирсол карда шуданд”,-изҳор дошт ректор.

Ба таъкиди Убайдулло Асрорзода, соли равон таҷрибаи ҷалби омӯзгорон аз ҳисоби кормандони муваффақи мақомоти идоракунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳию хизматрасонӣ роҳандозӣ гардид. Дар натиҷа беш аз 60 нафар кормандон аз ниҳодҳои гуногун ба донишҷӯён дарсҳои амалӣ гузаштанд.

Дар баробари ин, соли ҷорӣ чор кафедраи донишгоҳ  намояндагии худро дар Амонатбонк, Иттифоқи адвокатҳо ва ширкатҳои сайёҳӣ таъсис доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *