Диққат! Аз 18-сола боло, ба ваксинатсия
24 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Дар ин бора аз вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.
Бояд ёдовар шуд, ки ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон танҳо бо гирифтани ваксина ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID-19 эмин нигоҳ дорад.
Боиси зикр аст, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон ва марҳилаи дуюми он 25 май оғоз гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ