Дидору мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Эрон
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат Масъуди Пизишкиёнро ба муносибати оғози фаъолияташ ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон табрику таҳният гуфт.
Ҳамчунин, Сарвари давлат аз Масъуди Пизишкиён даъват намудааст, ки дар фурсати барояш муносиб ба Тоҷикистон бо боздиди расмӣ ташриф биёрад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, зимни суҳбат ҳарду ҷониб аз вазъи кунунии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорат, энергетика, саноат, ҳамлу нақл, кишоварзӣ ва тандурустӣ, илму маориф ва фарҳанг изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид доштанд, ки ин раванди судбахш дар оянда низ бояд идома ёбад.
“Ба андозаи панҷ маротиб афзоиш ёфтани табодули мол, ки тайи солҳои ахир ба назар мерасад, бозгӯй аз иқтидори бузурги ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар номида шуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳарду ҷониб иқдоми лағви низоми раводидро барои рафтуомад миёни ду кишвар ба муҳлати то 30 рӯз рӯйдоди муҳим номида, изҳори бовар намуданд, ки он ба рушди сайёҳӣ ва умуман робитаҳои дуҷонибаи мардумони ду кишвар мусоидати фаъол хоҳад дошт.
Таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ ва киберӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ